- вақт
- [وقت]а1. гоҳ, ҳангом, ҳиссае аз замон, соатҳои муайяни шабу рӯз: вақти говгум, вақти пешин, вақти шом, вақти ғуруби офтоб2. фурсат ва муддати одатан муқарраршудаи коре; мӯҳлат: вақти мувофиқ (муносиб), вақти имтиҳон, вақти хуфтан, боз чанд вақт, чанд вақт боз3. фасл, мавсим: вақти баҳор, вақти гул, вақти майса, вақти тутпаз(ӣ), дар ин вақти сол4. карат, навбат: панҷ вақт намоз5. аҳд, давр замон; ҳокими вақт ҳукмрони онвақта; ба вақти… ҳангоми фаро расидани мӯҳлати коре: ба вақти дарав, ба вақти саҳар, ба вақти ваъдагӣ…; баъзе вақт гоҳо, гоҳ-гоҳ, баъзан; вақте ки… пайвандаки замон ҳангоме ки…, ҳине ки …, замоне ки…; вақти холӣ фурсат, соату дақиқаҳои фориғ аз кор; вақти шаб шабонгоҳ; вақт-вақт гоҳгоҳ, баъзан; вақту бевақт ҳар замон, гоҳо, бармаҳалу бемаҳал; вақту соат замон; фурсати мувофиқ, вақти даркорӣ барои иҷрои коре; дар андак вақт дар муддати кӯтоҳ; ба зудӣ, ба тезӣ; дар вақти… а) ҳангоми…, дар ҳини…, дар аснои…; б) дар айёми…, дар овони…; дар солҳои…: вақти пиронсолӣ, вақти муллобачагӣ, вақти донишҷӯӣ; в) дар фасли…, дар мавсими… (боронгарӣ, дарав, ғунучини ҳосил, сармои сахт, тайёрӣ ба киштукор…); дар вақте ки // дар вақтҳое ки… ҳангоме ки…; замоне ки…; дар вақтҳои охир дар рӯзҳои охирин; замонҳои охир; дар вақтҳои наздик ба қарибӣ…., дар рӯзҳои наздик; ин вақт а) ин лаҳза, ин дам, ин замон; б) имрӯз, ҳоло, кунун (ба ин маънӣ бештар дар шакли ҷамъ меояд: ин вақтҳо); кадом вақт а) кай?, дар кадом замон?; б) рӯзе, бор; тангии вақт кам будани фурсат; то ин вақт то ин замон; то ин рӯз; то кунун, то ҳол; то он вақт то он замон, то он рӯз; то хеле вақт муддати зиёд; то дергоҳ; ягон вақт а) ягон бор; ягон рӯз; фурсат ёфта…; б) ҳеҷ гоҳ; ҳеҷ вақт ҳаргиз (бештар бо феъли инкорӣ меояд); як вақт а) муддате; замоне; б) як маҳал, ногаҳон, дар ҳолате; в) чанде пеш аз ин; дар гузашта (ба ин маънӣ асосан дар шакли ҷамъ меояд: як вақтҳо); якчанд вақт муддати чанде; ҳама вақт ҳамеша, доимо; вақти чизе нагузаштан фурсат аз даст нарафтан, дер нашудан барои иҷрои коре; вақт доштан фурсати аз корҳо озод будан, вақти холӣ доштан; вақт ёфтан вақти холӣ ва ё фурсати мусоид пайдо кардан барои иҷрои коре; вақтро нагузарондан фурсатро аз даст надодан, дер нашуда коре кардан; вақти коре расидан муҳайё шудани фурсату мавриди мусоиди иҷрои коре, фаро расидани пайти иҷрои коре; зиёд вақт гирифтан вақти зиёде талаб кардан, ба мӯҳлати зиёд эҳтиёҷ доштан; агар вақт шавад агар фурсат бошад, агар вақт мусоид бошад; вақт бегоҳ шуда… рӯз ба поён расида…; вақте мерасад, ки… // як вақт меояд, ки… замоне мерасад, ки…; рӯзе мешавад, ки …; вақт танг (аст) фурсат кам (аст); дар вақтвақташ ниг. дар сари вақт; дар сари вақт // сари вақт а) дар вақту соати даркорӣ; дар мавридаш; дар вақти муқарраршуда; б) таъхир накарда; вақти касеро гирифтан касеро бо гапу кори бемаврид андармон кардан, касеро аз кор монондан; вақти касе хуш будан хурсанд будан, хушнуд будани касе; вақту бевақт нагуфта… рӯзу шаб нагуфта…; вақти худро дареғ надошта…; вақту соаташ ки расид…
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.